БАРГУЗОРИИ КОНФРЕНСИЯИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

22.06.2024 17:52

 
Санаи 21 июни соли 2024 бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и ноҳия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар Конференсия академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов, муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукурзода Саодат Нусратулло, сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Одиназода Шоҳона, номзади илмҳои таърих, дотсент, муовини директор оид ба илм ва таълими институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Азимҷон Шералӣ, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Бобозода Асомиддин Ҳасан, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ Раҷабзода Дилафрӯз Раҷаб, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” Назрихуҷа Сайдалиев, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ иштирок намуданд. Дар ибтидои конфронс муовини Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Шукурзода Саодат Нусратулло ба сухан баромада, зикр намуданд, ки дар таърихи давлату миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки аҳамият ва мақому манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ баландтар мегарданд ва мардумро ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзу густариши ин дастоварду бозёфти гаронбаҳо ҳидояту роҳнамоӣ месозанд. Ваҳдату истиқлол аз вожаҳои муқаддас барои ҳар миллату халқияти озодаву хештаншинос ба шумор рафта, рамзи воқеӣ ва ҷавҳари ҳастии давлатдорист. Миллати сарбаланди тоҷик фалсафаи сулҳофарӣ ва ваҳдатқариниро аз оғози офариниши тамаддуни башарӣ ба мерос гирифта, то имрӯз дар фазои таҳаммулпазириву ҳамбастагӣ зистанро мароми давлатдории хеш қарор додааст. Дар баробари Шукурзода С. меҳмонони дигар низ вобаста ба муҳимияти ин арзиши гаронбаҳо изҳори андеша намуда, мавқеъи онро дар таҳкими пояҳои давлати миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Баъд аз ироаи маърузаҳо қисмати фарҳангии чорабинӣ оғоз гардид, ки онро ҳунарнамоии санъаткорони варзида ҳусну таровати дилнишин зам намуд.