ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, МУҲТРАМ УМЕД ГУРЕЗЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ САЙИДИ ҚУРБОН

16.06.2024 09:26

 
Ба муносибати фарорасии Иди сайиди Қурбон ҳамаи сокинони шарафманди ноҳия ва дар симои онҳо кулли ҳамватанони азизро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як фарди Ватани азизамон тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям.
Фазилат ва шарофатҳои ин иди муборак барои мо аз гузаштагони некӯномамон чун пайвандгари давру замонҳо ва мероси муқаддас боқӣ мондааст ва ин нишони ваҳдат, ягонагӣ ва меҳру садоқат ба инсонҳо мебошад. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати Истиқлолияти кишварамон, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имкониятҳои фаровон ноил гардиданд. Тавре ҳамагон огаҳанд, бузургтарин савоб дар рисолати дини мубини Ислом хайру саховат ва олиҳимматист. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати ҳаҷҷи акбар зиёдтар аст. Лозим ба ёдоварист, ки мардуми шарафманди мо ноҳия низ дар қатори дигарон дар ин рӯзҳо амалҳои шоистаи инсонӣ, аз ҷумла кумаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо, аёдати падару модарон ва калонсолонро анҷом медиҳанд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мефиристанд, ки анҷоми чунин амалҳо нишонаи камолоти инсонии ҳар як фарди худшинос мебошад. Ин аст, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дарки фазилату мақоми Иди сайиди Қурбон, дар арафаи таҷлили он аз ҷониби соҳибкорони ботадбиру нафарони саховатпешаи ноҳия ба як қатор ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат кумакҳои моддӣ расонида шуд. Воқеан, фарди мусулмон бо шукронаи зиндагии орому осуда бояд ҳар рӯз як амали солеҳу шоистаро ба анҷом расонад, то ин, ки иҷрои амалҳои хайру савоб, аз қабили хайру эҳсон ба ҳоҷатмандон, дасти ёрӣ дароз кардан ба муҳтоҷон, хурсанд кардани ятимону маъюбон, кумак кардан ба дармондагон ва баровардани ҳоҷати ниёзмандон фарогири ҳамаи табақаҳои ҷомеаамон гардад. Бо ин маром, ҳар як фарди мусулмони кишвари соҳибихтиёри моро зарур аст, ки имрӯзҳо ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ бо ҷонбидорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат доим саъю талош карда, ободии Ватан, пешрафти давлат ва осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи имонии худ шуморад. Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми мардуми шарафманди ноҳия ва ҳаммаи ҳамватанонамонро бори дигар ба муносибати Иди сайиди Қурбон табрик намуда, барояшон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рӯзгори босаодат, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи ободро орзу менамоям.
Иди сайиди Қурбон муборак, ҳамватанони азиз!!!
Бо эҳтиром, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - Умед Гуреззода