ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ НОҲИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ»
13.06.2024 20:41
Санаи 13 июни соли 2024 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77 ноҳия маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни ноҳиявии “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Шукурзода Саодат Нусратулло ва дигар масъулини соҳа иштирок намуда, бо тақдими туҳфаҳои хотиравӣ аз қабили диплому сипоснома ва мукофотҳои пулӣ ғолибони озмуни мазкурро шодбош гуфтанд. Зимни ироаи суханронӣ, Шукурзода С. аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Умед Гуреззода ҷиҳати ҳавасмадгардонии ғолибон ёдовар шуда, дар фаъолияти минбаъда ба иштирокчиён пирӯзиҳои нав ба навро таманно намуд. Тавре ҳамагон огаҳанд, озмуни мазкур аз рӯйи як номинатсия миёни гуруҳҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёна, олии касбӣ (бакалавр, магистр), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои номзадҳо ва докторони илм, омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики ҳамаи зинаҳои таҳсилот), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ташкил ва баргузор гардида буд.