БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ

13.06.2024 20:28

 
Санаи 11 июни соли 2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озмуни ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ баргузор гардид. Озмун барои ишғоли 4 мансаби маъмурии хизмати давлатӣ, аз ҷумла мудири бахши иттилоот, технология ва коммуникатсияи дастгоҳи Раиси ноҳия, мудири бахши ободонӣ ва кабудизоркунӣ, сармутахассиси бахши мазкур, сармутахассиси бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гузаронида шуд. Тибқи хулосаи Комиссияи озмун 2 нафар довталабон баҳои гузиришро ба даст оварда, ҷиҳати таъин ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ пешниҳод карда шуданд.