ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО АҲЛИ ҶАМОАТЧИГӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
05.06.2024 21:13
Санаи 5 июни соли 2024, дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 9 марти соли 2024 ва дастуру супоришҳои протоколии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам, Рустами Эмомалӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлид аз фарҳанги бегона, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, манъ кардани воридшавии наврасону ҷавонон ба марказҳои дилхушӣ, интернет-кафеҳо ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ нақшаҳои муштарак омода ва ба тасвиб расонида шудааст, ки дар доираи он имрӯз бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Фирдавсӣ мулоқот баргузор карда шуд. Дар мулоқоти мазкур, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла намояндагони самти маънавиёт ва дигар сохтроҳи марбута иштирок ва суханронӣ намуданд.