ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, МУҲТАРАМ ГУРЕЗЗОДА УМЕД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

01.06.2024 17:59

 
Насли фардои дурахшони Ватанро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдкон самимона шодбош мегӯям! Тавре ҳамагон иттилоъ доранд ҳамасола санаи 1 июн дар сар то сари олам ба хотири гиромидошти арзишҳои ҳаётан муҳими ин қишри ҷомеа Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд. Аз 2 сентябри соли 1990 ҳукми амал пайдо кардани Конвенсияи мазкур нуқтаи кулминатсионии ҳамаи он кўшишҳое гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯли қариб 70 сол барои таъмини эътирофи зарурии ниёзҳои махсус ва нозукиҳои махсуси кӯдакон ба ҷо меовард. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри эътироф, ҳимоя ва риояи талаботи конвенсияи мазкур ва гиромидошти ҳуқуқҳои кӯдакон тамоми шароитҳои зарурӣ ва заминаҳои муътамади ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кӯдакони кишвари азизамонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, ба онҳо дар фазои мусаффои Ватани маҳбубамон парвози баланд, рангинии ҳаёт ва хушиҳои бесобиқаро таманно менамоям.
Ҷашн муборак, гулғунчаҳои бӯстони Ватан !!!
Бо эҳтиром,
Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - Умед Гуреззода