БОЗДИД ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ АЗ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ «ПОЙТАХТ» - И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ИН ВОҲИДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

28.05.2024 21:16

 

28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар Рӯзи таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи будубоши ҳайати шахсии Қушунҳои сарҳадӣ ба маркази таълимии «Пойтахт» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, нахуст бинои наву замонавии 4 ошиёна, иборат аз ошхона ва хобгоҳи сарбозонро бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд. Сипас, Сарвари давлат бо шароити фароҳамгардидаи бинои навбунёди замонавӣ, шинос шуданд. Бинои 4 ошёнаи таълимӣ аз ҳуҷраҳои корӣ барои ҳайати афсарон, хобгоҳи васеъу барҳавои сарбозӣ, ҳаммом, хонаи хизмати маишӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот ва сару либоси ҳарбӣ, ҳуҷраи аслиҳа ва хонаҳои фароғатӣ иборат мебошад. Ёдовар мешавем, ки 28 майи соли 2022 дар ҳудуди Маркази таълимии “Пойтахт” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди ошхона ва хобгоҳи сарбозон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшида буданд. Аснои шиносоӣ бо шароити бинои нави таълимӣ Президенти кишвар бо сарбозон суҳбати самимӣ доир намуданд. Зимни суҳбат бо гурӯҳи сарбозон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ бояд аз ҳисоби ҳамин гуна сарбозони донову зирак, ҳушёру тануманд ва ватандӯсту фаъол, ки аз мактаби ҷасорат дар қисмҳои ҳарбӣ гузаштаанд, интихоб бояд кард ва изҳори бовар намуданд, ки аз онҳо афсарону фармондеҳони беҳтарин омода кардан мумкин аст. Бинои навбунёд барои омода намудани мутахассисони хурди сарҳадӣ нигаронида шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Чунин шароити зарурӣ имкон фароҳам меорад, ки минбаъд мутахассисони хурди сарҳадӣ омода карда шуда, ҳамчун сарбозону афсарони содиқ бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ марзу буми давлатро ҳифзу ҳимоят намоянд.