ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, МУҲТАРАМ УМЕД ГУРЕЗЗОДА БА МУНОСИБАТИ «РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»

23.05.2024 19:04

 
Ҷавонони арҷманд !!!
Шуморо ба муносибати «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон», ки мо ҳар сол онро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан ҷашн мегирем, самимона шодбош мегӯям. Воқеан, ҷавонони даврони истиқлол имрӯз, ки диду нигоҳи муосир доранд, дар зудтар ташаккул ёфтани давлат ва эъмори ҷомеаи мутамаддин саҳми арзанда гузошта истодаанд. Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватани азизамон буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд. Ба ҳамин маъно Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Ҷавонони шарафманди тоҷик анъанаҳои аҷдоди сарбаланди худро идома бахшида, ба Ватан, муқаддасоти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар содиқ будани худро борҳо собит кардаанд. Насли ҷавони мамлакатамон бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба суннатҳои писандидаи гузаштаи халқамон, яъне ба таърих ва фарҳанги миллиамон арҷ мегузоранд». Имрӯз, ҳар як ҷавони бонангу номусро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ аз Ватану миллати худ ифтихор кунад, ватандӯст бошад ва манфиатҳои кишварро аз ҳар гуна манфиатҳои дигар боло дониста, баҳри ободиву осоиштагӣ ва рушди кишвари маҳбубамон содиқонаю софдилона кӯшиш ба харҷ диҳад ва бо кору пайкор ва ташаббусҳои бунёдкоронаву созанда пайрави Пешвои миллат будани худро собит намояд, зеро ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Итминон дорем, ки Шумо ҷавонони кишвар, минбаъд низ бо ҳисси ватандустӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва рушди иқтисоди Ватан, таъмини сулҳу субот ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоред.
Ҷашн муборак – насли хушбахти замон !!!
Бо эҳтиром, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе – Умед Гуреззода