ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА БЕҲДОШТӢ ДАР ШОҲРОҲИ САМТИ ДУШАНБЕ - БОХТАР

17.05.2024 20:15

 
Санаи 17 майи соли ҷорӣ бо мақсади тозаву озода ва солим нигоҳ доштани муҳити зист, инчунин саҳмгузорӣ дар гулгуншукуфоии пойтахти азизамон, шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, имомхатибон ва дигар ихтиёриён аз ҳисоби шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ аксияи тозагии соҳил ташкил ва баргузор карда шуд. Чунин тадбирҳо бо ибтикори масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бахусус Раиси ноҳия, муҳтарам Умед Гуреззода роҳандозӣ гардида, гувоҳ аз ҷонибдорӣ ва давоми мантиқии татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои муаззами миллат дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад.