ВОХУРӢ БО ХОДИМОНИ ДИН РОҶЕЪ БА МАВЗӮҲОИ МУБРАМИ ҶОМЕА

16.05.2024 21:17

 
Санаи 16 майи соли 2024 бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳри Душанбе. муҳтарам Норасов Абдуалим, кормандони шуъба ва бахшҳои танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияҳои пойтахт ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ҳудуди шаҳри Душанбе дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ вохурӣ доир гардид. Дар он масъалаҳои таҷлили бошукуҳи Рӯзи байналмилалии оила, пешгирии буҳронҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа, риояи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», масъалаҳои марбут ба вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон, бахусус нафарони адокунандаи сафари ҳаҷ вобаста ба риояи меъёрҳои қонунӣ, инчунин масъалаи ҷалби ҷавонон ба хизмат дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ ва дар алоҳидагӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.