НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН БА САФФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ АНҶОМ ЁФТ

15.05.2024 21:00

 
Тавре ҳамагон иттилоъ доранд, пайи корбарӣ ва кӯшишҳои масъулини комиссияҳои даъвати ноҳияҳо нақшаи мавсими баҳории даъвати ҷавонон ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар шаҳри Душанбе пурра ва босифат иҷро гардид. Бояд қайд намуд, ки масъалаи давати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар маркази диққати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, махсусан Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Умед Гуреззода қарор дошта, дар ин самт як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, ки дар мавсими болозикр ба хубӣ аён гардид. Ёдовар мешавем, ки дар қатори дигар ҷавонон, ки ба хизмати ҳарбӣ пайвастанд, фарзанди Раиси ноҳия, Гуреззода Шоҳрух Умед низ барои адои қарзи шаҳрвандӣ дар назди Ватан - Модар ихтиёран ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст, ки ин амал намунаи ибрати дигар ҷавонони кишварамон буда, бори дигар аз матонат ва иродаи қавӣ, инчунин волоияти қонун ва арҷгузорӣ ба асосҳои сохтори конститутсионии мамлакатамон дарак медиҳад.