ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ.

04.05.2024 19:35

 
Санаи 3 майи соли 2024 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки муовинони Раиси ноҳия, ҳайати гурӯҳ оид ба гузаронидани таҳлили фаъолияти хавфҳои коррупсионӣ ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроия вохӯрии судманд бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтинанти калони адлия, Асилзода Парвиз Мирзоғайбуло баргузор гардид, ки дар вохӯрӣ се мавзӯъ баррасӣ карда шуд. Саравал, муовини Раиси ноҳия Ҳабибзод Саймуртазо вохӯриро ҳусни оғоз бахшида ибрози андеша намуд, ки аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднок роҳандозӣ гардида истода, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодааст. Дар идомаи вохӯрӣ намояндаи Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асилзода П. М. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки методологияи муқовимат бо коррупсия ин дар тамоми муассисаву ташкилотҳо мунтазам гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) буда, яке аз роҳҳои самарабахши ошкору муайян намудани сарчашма ва сабабҳои пайдоиши ҳолатҳои коррупсионӣ, бартараф ё коҳиш додани хавфу омилҳои ниҳодии он мебошад. Дар охир, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯз ва ояндаи инкишофи худ қарор додааст, аз ин рӯ, дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа муқовимат бо зуҳуроти болозикр дар ҳамбастагӣ нақши бузургу ҳалкунанда дорад.