ТАВЗЕҲИ ВОХУРИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БО ФАЪОЛОНУ НАМОЯНДАГОНИ АҲЛИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН, КИ САНАИ 9 МАРТИ СОЛИ 2024 БАРГУЗОР ГАРДИДА АСТ

17.04.2024 17:05

 
Санаи 16 марти соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдасии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтинанти милитсия, муҳтарам Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, генерал – майори милитсия Маҳмадзода Алимардон Аҳмад ва сардори раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Ҳотамзода Саидаҳтам Саидмукаррам, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Умед Гуреззода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар фаъолони ноҳия бо мақсади тавзеҳи вохурии Пешвои муаззами миллат бо фаъолону намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9 марти соли 2024 баргузор гардида аст, вохурӣ доир гардид. Дар он масъалаҳои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳ ва ҳаракатҳои эктремистиву террористӣ, таблиғи фарҳанги бегона ва татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохуриашон бо фаъолону намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин, додашуда буд, мавриди таҳлил ва омӯзишу тавзеҳ қарор дода шуданд.