ТАҚДИМИ КӮМАКҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ТАЪЛИМГИРАНДАГОНИ «МАКТАБ ИНТЕРНАТИ №5 БАРОИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД»- И ШАҲРИ ДУШАНБЕ

05.04.2024 19:22

 
Дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ, аз қабили ятимону бепарсторон, беморону барҷомондагон, шахсони имконияти маҳдуддошта ва оилаҳои ниёзманд яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 05.04.2024 дар арафаи таҷлили Иди сайиди Фирт бо ибтикори бевоситаи Пешвои муаззами миллат кӯмакҳои хайрхоҳонаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»- и шаҳри Душанбе бо ишитироки ёрдачии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Ализода Зариф, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шодихон Ҷамшед, муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Холмуҳаммадзода Сорбон Алихон, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Гуреззода Умед, сарпарасти Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»- и шаҳри Душанбе, раиси бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон - Амонатбонк, муҳтарам Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ва сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, муҳтарам Исмоилзода Баҳром Мансур расонида шуд.