ШАРҲИ «МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФАЪОЛОНУ НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН» ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

28.03.2024 19:01

 
Санаи 28 марти соли 2024 бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода, Саидҷаъфар Усмонзода, Бибиосия Аюбӣ ва Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Гуреззода Умед ва доираи васеи намояндагони аҳли ҷомеа, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Шӯрои маҳаллаҳо ва сардорони нозиротҳои минтақавии идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзили ноҳияи Фирдавсӣ аз №1 то 9 ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар он бо мақсади омӯзиши самараноки «Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин» масъалаҳои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати тарбияи дурусти насли ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат, дар ин замина риояи ҳатмии талаботи қонунҳои амалкунанда ва раҳнамоии сокинон дар самти пешгирӣ аз хурофотпарастиву бегонапарстӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, дар кору пайкор ва амалияи ҳаётӣ аз он истифодаи васеъ намуда, дар такомули ҳисси баланди миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон, инчунин решакан намудани зуҳуроти номатлуб саҳмгузор бошанд.