ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

23.03.2024 18:20

 
Санаи 23 марти соли 2024 дар МД «Боғи фарҳангии фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ» чорабинии идонаи бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва намояндагони ҳамаи сохторҳои ноҳия, аз ҷумла намояндагони шӯрои маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия баргузор гардид. Дар чорабинӣ дастовардҳои ҳунарӣ, косибӣ ва анвои гуногуни хурокҳо ва либосҳои миллӣ ба маррази тамошо гузошта шуда, ба фазои идона ҳусну таровати тоза зам карда шуд. Аз чорабинии мазкур меҳмонони хориҷӣ аз давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва кишварҳои муштаракулманофеъ дидан намуда, бо таассуротҳои наҷиб ба он баҳои баланд доданд. Чорабиниро ҳунарнамоии овозхонони маъруф ва ансамбли дуторнавозони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаззобу диданӣ гардонида, тавассути ҳунару маҳорати баланди иҷроиш фарҳанги асили миллиамон мураррифӣ карда шуд.