ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, МУҲТАРАМ ГУРЕЗЗОДА УМЕД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

21.03.2024 16:56

 
Ҳамдиёрони азиз !
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шумо ва дар шахсиятатон тамоми сокинони пойтахти азизамон Душанбешаҳрро ба фарорасии бузургҷашни аҷдоди тамаддунофарамон - Наврўзи хуҷастапай самимона таҳният мегўяд. Мусаллам аст, ки ҷашни Наврӯз - ҷашни шодӣ, пирӯзии нур бар зулмот, айёми шукуфоӣ, зуҳури неруи тозаи созанда ва яке аз нишонаҳои солорияти миллати баруманди тоҷик буда, реша дар қаринаи амиқи таърихи башарият дорад. Ин оин, дар ҳавзаи тамаддунии хеш тамоми миллату халқиятҳоро муттаҳид сохта, дар тули қарнҳо онҳоро сари хони «Ҳафт - сину Ҳафт - шин» ба ҳам овардааст. Наврӯз, бо азму ирода ва ҷасорати тоҷиконаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал ба воситаи созмони байналмилалии ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуда, пасон соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии СММ ба он мақоми байналмилалӣ дода шуд, ки сол аз сол ин ҷашн ба соири кишварҳои дунё доман паҳн намуда, дар қалбу ҷони миллату халқиятҳои олам мақому маъво пайдо намуда истодааст. Дар ин лаҳзаҳои фараҳафзо, бори дигар кулли ҳамдиёрон ва дар симоятон тамоми тоҷикони ҷаҳонро бо омадани баҳори фаррухпай - фасли эҷод, сохтанҳову шукуфтанҳои нав ба нав ва рамзи он - Наврӯзи байналмилалӣ бо камоли лутфу марҳамати бепоён шодбош гуфта, бароятон бурдборӣ, музаффариятҳои бесобиқаро орзу намуда, ба Ватани маҳбубамон - Тоҷкистони азиз бақои абадро таманно менамоям.
Наврӯз муборак !!!
Бо эҳтиром, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - Умед Гуреззода