ОҒОЗИ ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ ВОБАСТА БА ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲ АЗ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
21.03.2024 16:19
Субҳи санаи 21 марти соли 2024 аз воридгоҳи ҷанубии пойтахт тавассути кӯчаҳои асосӣ (протоколӣ) ба ноҳияи Фирдавсӣ фойтуни мунаққаш якҷо бо маликаи наврӯзӣ ворид гардида, ба сокинони шарафманди ноҳия аз омадани ҷашни Наврӯзи хуҷаста муждагонӣ доданд. Ёдовар мешавем, ки Нарӯз яке аз ҷашнҳои куҳантарини миллати тамаддунофари тоҷик ба ҳисоб рафта, бо ташаббусҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2010 инҷониб мақоми байналмилалӣ касб намуда, дар гӯшаву канори олам бо тарзҳои хосса ва шукуҳу азамати беандоза қайд карда мешавад.