ИШТИРОК ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «НАВРӮЗ - МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ»
21.03.2024 15:37
Санаи 20 марти соли равон дар боғи Ирами пойтахт фестивали байналмилалии «Наврӯз - мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид, ки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ дар он иштироки фаъол намуда, дастовардҳои фарҳанги асили ниёгони пурифтихорамонро ба меҳмонони дохилию хориҷӣ намоиш доданд.