БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ XIX МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ
14.03.2024 20:39
Санаи 14 марти соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Иҷлосияи XIX маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия муовини якуми Раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, маориф, бозорҳои ҳудуди ноҳия, раисони Шӯрои маҳаллаҳо ва сардорони нозироти минтақавии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзилӣ»-и №1 то 9, инчунин сархатиби ноҳия иштирок доштанд. Кори иҷлосияро Раиси маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Гуреззода Умед дар доираи тартиб кушода эълон намуд. Вобаста ба рӯзномаи иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Аз ҷумла:
1. Дар бораи татбиқи Стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила бо мақсади фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар ин самт;
2. Фаъолияти Муассисаи нозироти «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзилӣ»-и ноҳияи Фирдавсӣ дар соли 2023 ва семоҳаи аввали соли 2024;
3. Фаъолияти Раёсати истифодабарии роҳҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар соли 2023 ва семоҳаи аввали соли 2024;
3. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
Раиси маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдасӣ, муҳтарам Умед Гуреззода зимни баррасии масъалаҳои матарҳгардида, ба масъулини соҳаҳо вабаста ба самташон дастуру супоришҳои дахлдорро дода, ба онҳо таъкид намуданд, ки ҳарчи зудтар ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда чораҳои амалӣ андешанд. Дар охир, муҳтарам Умед Гуреззода иштирокдорон ва дар симои онҳо кулли сокинони ноҳияро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва омадани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфта, ҳозиринро баҳри анҷоми амалҳои шоиста аз қабили хайру эҳсонкорӣ, дастгирии ятимону барҷомондагон, инчунин оилаҳои ниёзманд ва бунёдкориву созандагӣ ҳидоят намуда, кори иҷлосияро пӯшида эълон намуданд.