ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, МУҲТАРАМ ГУРЕЗЗОДА УМЕД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАРОН

07.03.2024 20:19

 
Модарон ва бонувони азиз!
Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо таҷлили фархундаи Рӯзи модар ҳамасола дар нимаи аввали фасли баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат ҷашн гирифта мешавад, ки ин рамзи поксириштӣ, зебоӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба Зан - Модар арзёбӣ мегардад. Маҳз, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, дар симои бонувон на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, ҳомии Ватан, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинем, ки ин боиси ифтихору сарфарозист.
Модарони гиромӣ!
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки баҳри саҳмгузорӣ дар раванди шукуфоии Ватан дар радифи мардуми шарифи кишвар Шумо бонувон низ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ноҳия ҳиссаи босазо мегузоред, ки ин гувоҳ аз қалби пок ва сиришти заҳматқарини шумост. Аз фурсати муносиб истифода намуда, Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми модарону бонувони Тоҷикистони азизро бо муҳаббати бепоён ба муносибати иди фархундаи Рӯзи Модар - иди таҷассуми зебоӣ ва сарсабзиву хуррамӣ самимона табрик гуфта, ба шумо офият, сарбаландӣ ва саодату бурдбориҳои беназирро таманно намуда, аз забони шоир гуфтаниам:

Ранҷи дунё бар кашидам, арзиши Модар нашуд,
Симу зарро бар кашидам қиммати Модар нашуд.
Он чи, хурдам ҳар лазизе дар тамоми умри худ,
Лаззати шири сафедаш қиммати тилло нашуд.
Сад ҳазорон савту созе ҷамъ кардам он қадар
Ҳеҷ кадом дар форамӣ чун аллаи Модар нашуд.

Ҷашн муборак модарон ва бонувони азизу иззатманд!