ҲАМОИШИ СУДМАНД ТАҲТИ УНВОНИ «МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ»

24.02.2024 17:31

 
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» санаи 23 феврали соли 2024 дар якҷоягӣ намояндагони ниҳодҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуб», бо аҳли ҷамоатчигии шаҳраки 46 ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии судманд ташкил ва баргузор карда шуд. Амонуллозода Раҳима Амонулло мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия вохуриро ҳусни оғоз бахшида, сипас, суханро ба Раупова Манзура Турсуновна - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, проффессор дод. Мавсуф ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» андешаронӣ намуд. Турсунзода Шодком -сардори шуъбаи муќовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон дар шањри Душанбе, Алаёрзода Наргис нозири калони шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон ва Ғафоров Юсуф - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар мавзӯҳои «Омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия», риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқавимат ба экстремизм», «Дар бораи муқавимат бо терроризм», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Пешгирии сар задани омилҳои нашъамандӣ дар байни ҷавонон» суханронӣ намуда, ба ҳозирин баҳри риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва муқаррароти санадҳои меъёрии амалкунанда тавсияҳои судманд доданд. Дар охир, масъулин бо овардани иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар ин замина, таъмини риояи тартиботи қонунӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ҳамчун мавҷуди олиташаккул андешаҳои тақвият дода, Паёмро ҳамчун санади барномавӣ, ки метавонад ба шаҳрвандон кишвар чун дастури раҳнамо ба сӯйи созандагию бунёдкориҳои нав хизмат менамояд, арзёбӣ намуданд.