ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, МУҲТАРАМ ГУРЕЗЗОДА УМЕД БА МУНОСИБАТИ 31 - СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23.02.2024 17:11

 
Муҳтарам афсарон ва сарбозони шуҷои Ватан!!!
Бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар ва заҳмату талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола 23 феврал ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, рӯзи ҳимоятгарони содиқ ва диловари марзу буми Ватан ва мардони далеру шуҷоъ, бо самимият ва шукӯҳи хосса таҷлил мегардад. Бо ҳамин мақсад, афсарону сарбозони сипари меҳани азиз, ҳомиёни асили марзу буми аҷдодиро ба ин санаи муҳими таърихӣ 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ самимона шодбош гуфта, барояшон дар роҳи адои хизмати пуршарафу софдилона муваффақияту комёбиҳои беназирро таманно дорам. Тавре ба мову Шумо маълум аст, Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ таъкид доштанд, ки «Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ Истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд». Маҳз, бо талошҳои шабонарўзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши миллиамон - яке аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ба артиши касбӣ табдил ёфта, миёни кишварҳои хориҷ мавқеъ ва нуфузи худро соҳиб гардидааст, ки ин ҷойгоҳ сол аз сол рӯ болоравӣ дорад. Пас биёед, ҳар яки мо низ бикўшем, ки Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем, барои устувор будани оромиву осудагӣ дар ватанамон талош варзем ва дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид гардида, бо қадамҳои устувор ин диёри биҳиштосоямонро ба ҷаҳониён аз ин ҳам бештар муаррифӣ намоем. Дар охир, бо таманнои оромиву субот ва осудагии диёри биҳиштосоямон Тоҷикистони азиз, ба кулли афсарону сарбозони бо нангу номуси миллат солгарди навбатии таъсиси артиши миллиро самимона шодбош мегӯям. Бигзор, ҷасорату ҳушёрӣ, чусту чолокӣ, зиракии сиёсӣ ва иродаи матин пайваста ҳамқадами шумо бошад.
Ҷашн муборак, фарзонафарзандони ҷонфидои Ватан !
Бо эҳтиром, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Умед Гуреззода.