ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ, МАХСУСАН ШИНОНИДАНИ НИҲОЛУ БУТТАҲОИ ОРОИШӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
09.02.2024 15:48
Санаи 08 феврали соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои саривақтии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди боғу гулгаштҳо ва шинонидани ниҳолу буттаҳои оришӣ, дар ин замина табдил додани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба шаҳри сарсабзу хуррам, бо ибтикори Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Гуреззода Умед дар кӯчаи Фирдавсӣ бо иштироки хизматчиёни давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ доир карда шуд. Зимни чорабинии мазкур зиёда аз 200 бех дарахти арча дар мавзеи мазкур шинонида шуд, ки ба симои ноҳия ҳусни дигар зам намуд. Ёдовар мешавем, ки чорабиниҳои мазкур дар сар то сари ноҳия бо маром идома дошта, сокинон ва фаъолон дар якҷоягӣ бо кормандони дигар воҳидҳои сохтории ноҳияи Фирдавсӣ ба маъракаи мазкур пайваста, дар сарсабзгардонӣ ва дигар корҳои ободонӣ саҳм гузошта истодаанд. Бояд гуфт, ки масъалаи мазкур зери назорати бевоситаи Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Умед Гуреззода қарор дошта, бо ин мақсад ситоди доимоамалкунанда ва гуруҳҳои алоҳидаи маҳаллӣ таъсиси дода шуда аст, ки рафти корҳои созандагӣ ва ободониву кабудизоркуниро дар ноҳия сари вақт назорат намуда, вобаста ба раванди мазкур фаъолона корбарӣ менамоянд.