"БАҲРИ СОЛИМИИ ҶОМЕА БЕТАРАФ НЕСТЕМ"
5 июли соли 2021, ш. Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва гурӯҳи волонтёр ба хотири хизматрасонӣ хайрхоҳона фаъолиятро ҷиҳати тарғибу ташвиқи пешгирии бемории сироятии каронавирус, пушидани ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ ва дигар қоидаҳои беҳдоштӣ миёни аҳолӣ аз ҷумла, нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ба роҳ монданд.
Тадбири мазкур аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бахшҳои ноҳиявии он ва масъулини соҳаи роҳу нақлиёти шаҳри Душанбе амалӣ карда шуда, минбаъд низ идома меёбад.
Суратгузориш аз ҷараёни корҳо дар ин самт дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ
05.07.2021 17:48
599
ТАНДРУСТӢ