ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

 30.04.2021. н. Фирдавсӣ

    Дар доираи амалисозии Нақша чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 октябри соли 2019, №599 «Дар бораи тасдиқи нақша-чорабинӣ ва амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ» дар ҳудуди ноҳия Фирдавсӣ 1017 чорабинӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла як қатор корхонаву муассиса, бинову иншоот ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Дар ҳошияи чунин тадбирҳои ободкорӣ, имрӯз дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ биноњои истиқоматии замонавии баландошёна қомат афрохтааст. Иншооти мавриди назар аз ҷониби ҶДММ «Декор инвест» сохта шудааст ва имрӯз бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти ноҳияи Фирдавсӣ ва гурӯҳи вакилони МВХШД ин бинои замонавӣ ба истифода супорида шуд. Қисмати якуми бино аз 21 ошёна ва қисмати дуюми он аз 19 ошёна иборат мебошад. Маҷмуан бино дорои 175 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрага мебошад. Даромадгоҳу роҳравҳо, лифт, низоми обу корез, шабакаи гармидиҳӣ ва дигар қисматҳои муҳандисии иншоот пурра таъмин буда, ҷавобгӯи талаботу меъёрҳои қабулшуда мебошад. Дар таҳхонаи бино мувофиқи нишондоди лоиҳаи он таваққуфгоҳ бунёд шудааст ва низоми таъминоти обу корезӣ ва шабакаи гармидиҳии иншоот низ дар ин қисмат ҷойгир буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нав муҷаҳҳаз шудааст.

     Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе боз як бинои истиқоматӣ бо ҷойгиронии марказҳои савдою хизматрасонӣ дар ошёни аввал бунёд шудааст. Пудратчии иншооти мазкур ҶДММ «Бисот» буда, он аз тарафи сохтмончиёни ҶДММ «Элит Строй Сервис» бунёд шудааст. Бино аз 9 ошёна иборат буда, ҳуҷраҳои зист пурра таъмир ва дорои шароити зарурии истиқомат мебошад. Дар ҷараёни сохтмони иншоот ба сифати маҳсулот ва корҳои бунёдӣ аҳамияти хосса равона шуда, он бо сифати баланд анҷом дода шудааст. Дар ошёнаи якуми иншоот маркази хизматрасонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил шудааст, ки ҳоло фаъолияти назаррас дорад. Дар таҳхонаи бино тафаққуфгоҳи зеризаминӣ низ сохта шудааст. Бинои истиқоматӣ дар суроғаи А.Қаҳҳоров 111/6-и ноҳияи Фирдавсӣ дар заминаи иншооти хусусӣ бунёд гардидааст.

Дар заминаи эълон гардидани Саноатикунии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ, дар пойтахт ба сохтмони корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар ин замина дар ноҳияи Фирдасии шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан бунёд гардидааст. Дарр  корхонаи мазукур 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарияти ноҳияи Фирдавсӣ бо фаъолияти ин корхонаи истеҳсолӣ шинос шуда, барои беҳтар намудани сифати истеҳсолот ба масъулин маслиҳатҳои муфид доданд. Тавре роҳбарияти Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан иттилоъ дод, айни замон 7 намуди обҳои нӯшокии ранга ва маъданӣ истеҳсол карда мешавад. Корхона пурра бо хатҳои муосири технологӣ таъмин аст. Тақвияти фаъолияти чунин корхонаҳо барои рушди тавлидоти дохилӣ ва коҳиш додани воридоти маҳсулоти ҳамсон аз хориҷи кишвар мусоидати фаъол менамояд.

          Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҶДММ «Панҷ-Кан ЛТД» фаъолият менамоянд, ки он ба истеҳсоли навъҳои гуногуни мебел машғул аст. Дар доираи васеъ намудани кори корхона роҳбарияти он хатҳои нави технологӣ ворид сохта, шумораи ҷойҳои кориро низ бештар намудаанд. Айни замон 15 нафар бо ҷойи кор дар заминаи фаъолияти бахшҳои истеҳслии ҶДММ «Панҷ-Кан ЛТД» таъмин шудаанд. Ҳоло дар ин коргоҳи хурди истеҳсолӣ 7 намуди мебал истеҳсол карда мешавад. Илова ба истеҳсоли мебел дар як қисмати ҷамъият коргоҳи истеҳсоли сачоқҳои коғазӣ ташкил шудааст. Айни замон дар як шабонарӯз 500 баста сачоқи коғазӣ истеҳсол карда мешавад. Соҳибкорон нақша доранд, ки дар оянда фаъолияти ин бахши коргоҳро тавсиа бахшида истеҳсоли навъҳои дигари масҳсулотро роҳандозӣ намоянд.

            Ҳамзамон дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ бинои истиқоматии бисёрошёна бо ҷойгиронии марказҳои савдову хизматрасонӣ ва дорухона мавриди ифтитоҳ қарор дода шуд. Бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 75/6 аз 46 хона иборат буда, масоҳати зисти он 2800 метри мураббаъ мебошад. Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Муҷаддид» мебошад.

       Бинои дигар дар кўчаи Неъмат Қарабоев №8 аз 56 њуљра иборат буда, масоҳати истиқоматии он бошад 3960 метри мураббаъ аст ва он аз ҷониби ҶДММ «Хайр сохтмон» бунёд гардидааст.

 


Дар доиари корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи нақша-чорабиниҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулин таъмири бинои ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо ҳам амалӣ намудаанд. Ин тадбир бо саҳмгирии кормандон анҷом шудааст ва ҳоло дар инҷо шароити беҳтари фаъолият барои кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ фароҳам шудааст.

    Дар ин рӯз ҳамзамон Қасри варзишии Иттифоқҳои касаба баъди азнавсозӣ ва сохтмони биноҳои иловагӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Маҷмаа дорои чор бино, 4 толори варзишӣ, майдончаи варзишии тобистона буда, дар он аз рӯи намудҳои футболи хурд, текбол, теквандо, ҷудо, шашкаю шоҳмот ва тенниси рӯи миз тамринҳо гузаронида мешаванд. Дар маҷмаа ҳамчунин меҳмонхона барои 24 ҷой фаъолият менамояд. Бунёд ва таъмиру навсозии иншооти варзишӣ давоми солҳои охир боис ба он гардидааст, ки дар пойтахт рушду оммавияти варзиш таъмин карда шавад. Баъди таъмиру навсозӣ акнун Қасри варзишии иттифоқҳои касаба дорои шароити муосири тамрину машқварзӣ буда, ҳамарӯза аз он насли ҷавони кишвар ба таври васеъ истифода менамоянд. Фаъолияти ин қасри варзиширо масъулин боз як қадами устувор дар роҳи солимии ҷомеа арзёбӣ намуданд.


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе