17.05.2022 н.Фирдавсӣ
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" оғоз гардид. Дар баробари иштирокчиёни озмун ҳамзамон намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шуъбаи маориф ва ҳайати ҳакамони озмун ширкат намуданд. Дар маросими оғози озмун ҳамаи довталабон ширкат доштанд. Муайян шуд, ки рӯзҳои минбаъда аз рӯйи номинатсияҳо озмун идома меёбад. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" дар Гимназия № 74 дар синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои таълимиву лабараторӣ шароити созгор фароҳам шудааст.