Мавриди зикр аст, ки шоми 29 июли соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар Боғи Абулқосими Фирдавсӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ба сокинону меҳмонони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе пешкаш карда шуд.
Қобили қайд аст, дар барномаи фарҳанги муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муҳтарам Гуреззода Умед ишторк намуда, ба роҳбарият ва масъулини макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои иҷрои нақша чорабиниҳо, минатдории Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расонида шуд.
Инчунин барои баргузории чорабинии фарҳанги ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷониби Раиси ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Гуреззода Умед ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ «Сипосномаи» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ тақдим карда шуд.