Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318 санаи 24 июли соли ҷорӣ бо ташаббусӣ бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври якуми Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телвизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» дар доираи талаботи Низомномаи озмун аз рӯйи 12 бахш дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд.
Мақсад аз баргузор намудани Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телвизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъаткор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ, зебоипаратию эҷодкории онҳо, рушду тарғиби ҳунарҳои бадеии халқӣ, танзими анъана ва расму ойинҳои миллию мардумӣ ва дастгирии шахсони эҷодкору соҳибистеъдод мебошад.
Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳои таъсис намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қадрдони карда мешаванд.