ҲАМОИШИ СТИПЕНДИЯТОНИ ҶАВОНИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
18.05.2022. н. Фирдавсӣ
Бо мақсади иҷрои бандҳои Нақшаи тасдиқгардидаи Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши стипендиатони ҷавон баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш муовини Раиси ноҳия Саодат Шукурова, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ Манучеҳр Сангов, мудири Шуъбаи маорифи ноҳия Мухбира Аюбӣ, Гирандагони стипендияҳои Президентӣ, раиси шаҳр ва ноҳия иштирок намуданд.
Меҳмонон зимни баромад аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба ин қишри ояндасозӣ ҷомеаъ ҳарф зада нақши онҳоро дар ҳаёти сиёсии кишвар муҳим арзёбӣ намуд.
Дар охир як қатор фаъолон бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.



18.05.2022 14:30
369
Ҷавонон ва варзиш