Таърихи 15 июли соли 2022 соати 900 иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ, даъвати шашум дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид
Дар кори иҷлосия муовини, муовини якум, муовинони Раис, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия, сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, маориф, касбии миёна, олӣ, фарҳанг, бозорҳои ҳудуди ноҳия, сархатиб, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, роҳбарони ташкилотҳои динии ғайриисломии ноҳия, раисони Шӯрои маҳаллаҳо ва роҳбарони нозиротҳои минтақавӣ «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил»-и ноҳия даъват шудаанд.
Рӯзномаи иҷлосия бо қарори Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 28 июни соли 2022, №187 «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати шашум» муайян гардида бо масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
1. Дар бораи вазъи иҷрои нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин.
2. Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022.
3. Дар бораи ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба нақлиёт, коммуникатсия, беҳдошти роҳҳо, ҳифзи муҳити зист, санитарӣ ва байторӣ.
4. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022.
5. Гузориши раиси Комиссияи муваққатии баҳодиҳии фаъолияти вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
6. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии № 5, 9 ва 31.
7. Дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии № 5, 9 ва 31.
8. Дар бораи таъсис додани Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.
9. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба замимаи №1, 4, 5 ва 7 қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №9.
10. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.