Соҳаҳо РУШДИ САНОАТ ВА СОҲИБКОРИИ ХУРД ВА МИЁНА


Дар соли 2020 дар ноҳия 114 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда (нуҳ моҳ) ба маблағи 159,1 млн. сомонӣ фоида ба даст овардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 (141,5 млн. сомонӣ) ба андозаи 12,4 фоиз ё ин, ки ба маблағи 17,6 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

Баъзе аз корхонаву ташкилотҳои ноҳия дар ин давра бо зарар фаъолият намуда маблағи зарари онҳо 21,8 млн. сомониро ташкил менамояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 (21,3 млн. сомонӣ) ба андозаи 102,3 фоиз ё ин, ки ба маблағи 0,5 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

Нишондиҳандаи дигаре, ки сатҳи иқтисодии корхонаҳои саноатии ноҳияро муайян месозад, ин ҳаҷми молҳои содиротӣ ва воридотии корхонаҳо ба ҳисоб меравад, ки дар чунин ҳолат қарор дорад.

Дар соли сипаригардида 5 корхонаи ноҳия ба маблағи 10,9 млн. доллари амрикоӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро ба хориҷӣ кишвар содирот намудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 (14,4 млн. сомонӣ) ба андозаи 24,1 фоиз ё ба маблағи 3,6 млн. доллари амрикоӣ кам гардидааст. аз онҳо:

-ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» ба маблағи 976,1 ҳазор доллари амрикоӣ ба Ҷумҳуриҳои Полша, Чехия, Италия, Канада, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Литва, Эстония ва Федератсияи Россия;

-ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Матинчарм» ба маблағи 1395,9 ҳазор доллари амрикоӣ пӯстӣ коркардашударо ба Ҷумҳурии Туркия;

-ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикинтиқол» ба маблағи 251,2 ҳазор доллари амрикоӣ пӯстӣ коркардашударо ба Ҷумҳуриҳои Афғонистон, Покистон, Чин ва Федератсияи Россия;

-ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кавсар гурӯҳ» ба маблағи 8235,9 ҳазор доллари амрикоӣ ба хориҷӣ кишвар.

-ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сетелин» ба маблағи 22,5 ҳазор доллари амрикоӣ қисмҳои эҳтиётии барқиро ба хориҷи кишвар содирот намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ воридоти мол ба 64,1 млн. доллари амрикоӣ баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида (49,7 млн. доллари амрикоӣ) ба андозаи 28,9 фоиз ё ин, ки ба маблағӣ 14,4 млн. доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2020 бо назардошти сектори ғайридавлатӣ 995,2 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудаст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (930,1 млн. сомонӣ) ба андозаи 107,0 фоиз ё ин, ки ба маблағи 65,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дардавраи ҳисоботӣ аз 114 корхонаи истеҳсолӣ, 39 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд, 56 корхонаҳо бо сабабҳои гуногун ҳаҷми истеҳсолотро кам ва 19 корхонаи дигар тамоман фаъолият накардаанд.

Дар асоси маълумотҳои оморӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия истеҳсоли 55 номгӯи маҳсулотҳо ба роҳ монда шудааст, ки аз он дар давраи ҳисоботӣ 34 номгӯи маҳсулот аз 100 фоиз зиёд, 20 номгӯи маҳсулот аз 100 фоиз кам ва 1 номгӯи маҳсулот истеҳсол карда нашудааст.

НАҚЛИЁТ



Аз тарафи муассисаҳои нақлиётии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 1331,4 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки ин 66,0 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019-ро ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 бо нақлиёти автомобилӣ (корхонаю ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ) 4536,1 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки он 57,4 фоизи ҳаҷми мусофиркашонии ҳамин давраи соли 2019 (7897,4 ҳазор нафар мусофир) ташкил менамояд.

Гардиши бор дар соли 2020 ба андозаи 40,4 млн. тонна/км-ро баробар гардид, ки ин ба 55,7 фоизи нишондиҳандаи соли 2019-ро ташкил медиҳад.

Мусофиргардиш 65,9 млн. мусофир/км ё ин, ки 87,5 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 ташкил менамояд.



БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ ВА СОҲАИ ХИЗМАТРАСОНӢ



Дар моҳҳои январ-декабри соли 2020 ҳаҷмӣ умумии гардиши мол 2009,8 млн. сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 бо назардошти индекси нархҳои истеъмолӣ 96,9 фоизро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаи дигари муайянкунандаи сатҳи зиндагии шаҳрвандон, ҳаҷми хизматрасони ба аҳолӣ ба шумор рафта, он дар давраи ҳисоботӣ ба 686,8 млн. сомонӣ баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 98,7 млн. сомонӣ зиёд буда, бо назардошти индекси нарх 111,9 фоизро ташкил медиҳад, аз он ҷумла ҳаҷмӣ хизматрасонии маишӣ ба 162,3 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбати ҳамин давраи соли 2019 бо назардошти индекси нарх 93,7 фоизро ташкил намуд.