БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
26.09.2025 21:08

Санаи 26 сентябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Пас аз садо додани Суруди миллӣ, иҷлосия ба кори худ шурӯъ карда, вакилон котибот ва рӯзномаи иҷлосияро тасдиқ намуданд. Дар кори иҷлосия раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, инчунин муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, маориф, бозорҳои ҳудуди ноҳия, раисони Шўрои маҳаллаҳо ва сардорони нозироти минтақавии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзилӣ»- и аз №1 то 10, ҳамзамон сархатиби ноҳия иштирок намуданд. Иҷлосияро Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, муҳтарам Сафарзода Дилшод Ғанӣ кушода, кори онро оғозшуда эълон намуд. Аз рӯйи тартиби баргузории иҷлосия дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Аз ҷумла:
1. Гузориши раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва тасдиқи ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҷияи Фирдавсии шаҷри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №32.
2. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаҳои 2 ва 6 қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 14 марти соли 2025, №10 «Дар бораи таъсиси комиссияҷои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҷияи Фирдавсии шаҷри Душанбе даъвати ҳафтум, интихоби раис ва аъзои онҷо».
3. Ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҷри Душанбе ҷиҷати омодагӣ ба мавсими тирамоҷу зимистони солҷои 2025 – 2026 дар ноҳияи Фирдавсии шаҷри Душанбе.
4. Гузориши муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳаи ободонӣ оид ба рафти амалишавии «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҷолии Ҷумҷурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025».
5. Гузориши муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳаи маънавиёт дар бораи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҷурии Тоҷикистон барои солҷои 2020-2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҷои Мақомоти иҷроияи ҷокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҷри Душанбе дар ин самт.
6. Дар бораи тасдиқи қарорҷои Раиси ноҷияи Фирдавсии шаҷри Душанбе.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия «Гузориши раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва тасдиқи ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҷияи Фирдавсии шаҷри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №32» гузориши Раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ Ҳабибзода Саидҷон Умед шунида шуд. Сипас, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» вакили тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №32 Ҳабибзод Саидмуртазо Ислом баъди тасдиқи ваколатҳояш дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ савганд ёд намуд. Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои дар рӯзнома дарҷгардида, бо овоздиҳии вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарорҳои якдилона қабул карда шуд. Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Сафарзода Д. Ғ. дар охир барои иштироки фаъолона ба ҳамагон изҳори миннатдорӣ баён намуда, афзуд: «Ҳамаи Шуморо ба муносибати 34 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаатон комёбӣ ва муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоям. Бо боварии комил изҳор медорам, ки мо дастаҷамъона бо меҳнати аҳлона ва дастовардҳои аз пештара дида бештар ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатиамонро низ дар сатҳи зарурӣ таҷлил намуда, дар рушди соҳавии кишвар ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро мегузорем. Аз ин лиҳоз, аз ҳамагон даъват ба амал бароварда мешавад, ки дар самти вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти соҳавӣ масъулияти дучанд эҳсос намуда, супоришҳои додашударо сари вақт ва босифат ба иҷрои расонанд. Дар охир, бо таманнои рӯзгори хушу осуда ва саодати зиндагӣ бароятон хонаободӣ, саодатмандӣ, бурдборӣ ва ба Тоҷикистони азизамон рушди бесобиқаро таманно менамоям». Баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, давати ҳафтум пўшида эълон гардид.