МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
16.08.2025 12:38
.jpeg1375e773e4e6b04b48321e616c1c48e8.jpg)
Бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 15 августи соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷамомади тантанавӣ бо иштироки масъулин ва кормандони соҳаи тандурустии ноҳия доир гардид. Дар ҷараёни баргузории чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Фирдавсӣ - Дилшод Сафарзода, сартабиби Муассисаи давлатии клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кудакона - Каримзода Мунира Бобохон иштирок ва суханронӣ намуда, дастгирӣ ва ҳидоятҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ ёдоварӣ намуданд. Дар идомаи чорабинӣ фаъолони соҳаи тандурустӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ гардиданд.





