ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ПОЙТАХТ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
06.08.2025 20:08

Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хусуси тақвияти фаъолияти муассисаҳои тандурустии пойтахт, аз ҷумла ҷоннок намудани хизматрасонӣ, қабули бемамонияти беморон ва сари вақт расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан ба ҳолати санитарию эпидемиологӣ санаи 5 августи соли 2025 дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” мулоқоту вохӯриҳои судманди Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - Сафарзода Д.Ғ. ва сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе - Шарифзода Х.С., доир гардид. Пеш аз мулоқоту вохӯриҳои инфиродию умумӣ нахуст ҳайати роҳбарият бо вазъи хизматрасонӣ, шароити будубоши беморон ва ҷоннок намудани ҷараёни фаъолият шиносоӣ пайдо намуда, дастуру супоришҳои алоҳидаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро баҳри бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта расониданд.
Илова ба ин, мулоқоту вохурии умумӣ бо табибон ва кормандони техникии Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” сурат гирифта, тавсияву роҳнамоиҳои муфид дода шуд.
Илова ба ин, мулоқоту вохурии умумӣ бо табибон ва кормандони техникии Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” сурат гирифта, тавсияву роҳнамоиҳои муфид дода шуд.





