БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ДАСТГОҲИ РАИС ВА МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

30.07.2025 18:42

 
Нимаи аввали рӯзи 29 июли соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи Раис ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар он довталбон аз рӯи 5 мансаб иштирок намуда, донишҳои касбӣ, малакаву маҳорат ва қобилияти ҳар як довталаб аз ҷониби комиссияи озмун баҳогузорӣ гардида, ба онҳо тавсияҳои зарурӣ дода шуд.