КОРБАРӢ БО УСУЛИ «МАҲАЛ БА МАҲАЛ» ДАР МАҲАЛЛАИ КРУПСКИЙ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

30.07.2025 18:35

 
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ, расму оин ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни занон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ бо усули “Маҳал ба Маҳал” баргузор гардида истодааст . Рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ дар маҳаллаи Крупский ноҳияи Фирдавсӣ чунин чорабинӣ доир гардид. Бояд тазаккур дод, ки ҳадаф аз ин тадбири фарҳангӣ тарбияи занону духтарон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ба ҳаёти оиладорӣ омода намудани онҳо, инчунин эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ ва ҳифзу такомул додани фарҳанги миллӣ, махсусан, одоби либоспӯшӣ, ва самаранок истифодаи замин, захиракунони барои гузаронидани зимистон истифода бурдани қитъаҳои замин мебошад.