БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

23.07.2025 19:36

 
Нимаи дуюми рӯзи 23 июли соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорони муассисаҳои иттилоотрасонии кишвари ташкил ва баргузор гардид.
Сараввал, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомот, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифиву инъикоси дастовардҳои иҷтимоию иқдисодии ноҳия ба кулли рӯзноманигорон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, доир ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои ноҳия дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба таври муфассалу возеҳ гузориш доданд. Аз ҷумла, бо қаноатмандӣ таъкид намуданд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли равон тамоми имконияту захираҳои мавҷударо баҳри таъмини пурраи вазифаҳои барномавии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат, инчунин дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати омодагиҳо ба яке аз ҷашнҳои муҳими сиёсӣ 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намуда, баҳри густариши минбаъдаи корҳои ободкориву созандагӣ, таъмини рушди устувору босуботи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия тамоми чораву тадбирҳои саривактиро амалӣ намуд.
Ҳамзамон, дар рафти нишаст рӯзноманигорон вобаста ба раванди корҳои ободонӣ, омодагиҳо ба пешвози гирифтани ҷашнҳои муқаддасу бузурги миллӣ, вазъи хизматрасониҳои коммуналӣ, вазъи эпидемиологӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, иҷрои нақшаи буҷет, конуншиканихо дар самти гузаронидани тӯю маъракаҳо ва содиршавии ҷиноятҳо байни ноболиғон саволҳои хешро пешниҳод намуда, посухҳои мушаххасу дақиқ гирифтанд.
Дар фарҷом, Раиси ноҳия бори дигар таъкид аз он намуданд, ки сокинони шарафманди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри иҷрои ҳадафҳои пешгирифта дар самти ободонию созандагии диёри биҳиштосоямон дастаҷамъона саъю талош меварзанд.