ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

04.05.2024 20:23

 
Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади қадрдонии иштирокчиёни озмуни «Сайри гули лола» дар ҳузури масъулини шуъбаву бахш ва намояндагони зерсохторҳо 12 нафар ғолибони озмуни мазкур бо туҳфаҳои омоданамудаи мақомоти иҷроия, аз ҷумла диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз рӯйи 5 номинатсия баргузор гардида, мақсад аз баргузории он ин сараввал татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар самти сарсабзу хуррамгардонии ҳар як гӯшаву канори кишвар, саҳмгузорӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинии сокинон ба ҳисоб меравад.