ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, МУҲТАРАМ УМЕД ГУРЕЗЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

09.04.2024 20:10

 
Ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр ҳамаи сокинони шарафманди ноҳия ва дар симои Шумо кулли ҳамватанони азизро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як фарди Ватани азизамон тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям. Мо шукрона аз он мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар оину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил менамоем. Қобили тазаккур аст, ки ҳамватанони мо иди саиди Фитрро ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол мегиранд. Дар ин рӯз мардуми мо амалҳои шоистаи инсонӣ, аз ҷумла кумаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо, аёдати падару модарон ва калонсолонро анҷом медиҳанд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мефиристанд, ки анҷоми чунин амалҳо нишонаи камолоти инсонии ҳар як фарди худшинос мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дарки фазилату мақоми моҳи мубораки Рамазон, дар арафаи таҷлили иди саиди Фитр аз ҷониби соҳибкорони ботадбиру нафарони саховатпешаи ноҳия ба як қатор ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат кумакҳои моддӣ расонида шуд. Воқеан, Фарди мусулмон бо шукронаи зиндагии орому осуда бояд ҳар рӯз як амали солеҳу шоистаро ба анҷом расонад, то ин, ки иҷрои амалҳои хайру савоб, аз қабили хайру эҳсон ба ҳоҷатмандон, дасти ёрӣ дароз кардан ба муҳтоҷон, хурсанд кардани ятимону маъюбон, кумак кардан ба дармондагон ва баровардани ҳоҷати ниёзмандон фарогири ҳамаи табақаҳои ҷомеаамон гардад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди мусулмони кишвари соҳибихтиёри моро зарур аст, ки ба хотири таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ бо ҷонбидорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат доим саъю талош карда, ободии Ватан, пешрафти давлат ва осоиши рӯзгори ҳамватанонро қарзи имонии худ шуморад. Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми мардуми шарафманди ноҳия ва ҳаммаи ҳамватанонамонро бори дигар ба муносибати фаро расидани Иди саид ва мукаррами Фитр табрик намуда, барояшон хушбахтӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, рӯзгори босаодат, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва хонаи ободро орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!!!
Бо эҳтиром, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - Умед Гуреззода