ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНУ ОЛИМПИАДАҲОИ САТҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ

28.03.2024 10:39

 
Санаи 27 марти соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи кории назди Раиси ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид. Дар оғози ҷаласа як қатор омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҷойҳои намоёни озмуну олимиадаҳои фаннӣ ва чорабиниҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар соли 2023 аз ҷумла озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”,“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”,“Тоҷикон оинаи таърихи миллат”,“Маснавихонӣ”, “Тоҷикистон- ватани азизи ман”, “Мураббии сол”, инчунин мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳурявӣ аз намуди бокс ва шиноварӣ аз ҷониби Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муҳтарам Гуреззода Умед бо сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.