Баргузории мизи мудаввар дар мавзўи «Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ.

 17.06.2022. н. Фирдавсӣ

Санаи 17 июни соли 2022 дар ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе ва қарори Раиси ноҳияи Фирдавсӣ дар мувофиқа бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар толори хурди Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудавварро дар мавзўи «Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 25 – умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ доир намуд.
Дар мизи мудаввар роҳбарият, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва устодону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Мизи мудавваро мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия - Манучеҳр Сангов оғоз намуда, ҳозиринро бахшида ба 25 – умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, дар доираи талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат ва саҳми он дар таҳкими ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар мизи мудаввар устодони зерин иштирок ва дар мавзӯҳои гуногун суханронӣ намуданд:
1. Ҳусенов Бойалӣ Алиевич – номзади илм, дотсенти Донишгоҳи Давлатии тиҷорати Тоҷикистон.
2. Низомов Муҳибулло - Сармутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Дайхудоев Ваҳдат – омўзгори калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ.
4. Алиев Ҷовид - омӯзгори Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе.
Дар охири мизи мудаввар баромадкунан- дагон аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроия бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе