Маҷлиси ҷамъбасти солонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

 11.01.2022 н.Фирдавсӣ

Дар ҷаласа ҳисоботи муовини якум ва муовинони Раиси ноҳияи Фирдавси шаҳри Душанбе ва як қатор роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроия оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Фирдавси мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар кори Маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Мақсудзода Шуҳрат иштирок намуда оид ба натиҷаҳои фаъолияти солонаи кори мақомоти иҷроия таҳлил намуда, фикру мулоҳизаи хешро ба масъулон пешниҳод намуд. Раиси ноҳияи Фирдавси Усмонзода Фатҳиддин ҷамъбасти солро дар умум қаноатбахш ҳисобида ҷиҳати корбари дар як қатор масъалаҳои мубрами рӯз ба масъулон дастуру супориш намуд. Қайд гардид, ки соли 2022-ро пеш аз ҳама тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастурҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сармашқи кори худ намуда, оид ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Фирдавси кӯшиш ба харҷ менамоем. Ба ҳамин кори ҷаласа ҷамъбаст гардида ҷиҳати иҷрои супоришҳои Раиси ноҳияи Фирдавси қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Пеш аз ҷамъбасти ҷаласа ба як қатор роҳбарону кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва сохторҳои он барои фаъолияти пурсамар ва иҷрои вазифавиашон бо Ифтихорнома, Сипоснома ва тӯҳфаҳои ташкилнамудаи Мақомоти иҷроия ва инчунин ба ғолибон, волидони онҳо ва омӯзгороне, ки дар даври ҷамъбасти озмуни Фуруғи субҳи донои китоб аст, Илм Фуруғи маърифат, озмуну олимпиадаҳо ширкат варзида ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд қадрдонӣ карда шуд.

 

 

 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе