Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

а) дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе:

1. Мудири бахши муҳосибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1246,00 сомонӣ.

2. Сармутахассиси 1 шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1132,00 сомонӣ.

3. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1132,00 сомонӣ;

4. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 759,00 сомонӣ.

 

б) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри

   Душанбе:

1. Мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва замин – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 925,00 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанг – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 925,00 сомонӣ;

3. Мутахассиси шуъбаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва замин – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 759,00 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ  барои ишғоли мансабҳои
маъмурии хизмати давлатӣ

 

Барои ишғолкунандагони  мансаби  мудири бахш:

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

 

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

 

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

 

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

 

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешаванд:

 

- ариза ба унвони роҳбари мақомот;   

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- шарҳи ҳол;

- нусхаи диплом;

- 2 дона расми 3х4 ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

- нусхаи  РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотномаи тиббӣ 038УЕ;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (син)

- маълумотнома (справка-объективка).

 

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

 

Шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаи Н. Қарабоев 40, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, телефон:  233-60-12

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи ташкилӣ ва кор кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Эзоҳ: иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе