Иқдоми ниҳолшинони дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

 20.11.2021 н.Фирдавсӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, вобаста ба таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 октябри соли 2021, №609 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе" санаи 20 ноябри соли ҷори бо иштироки Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин, кормандони мақомоти иҷроия ва сохторҳои ноҳиявӣ дар гулгашти кӯчаи Соҳилии ноҳия 410 дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуд.

 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе