Вохурии масъулини бахши кишоварзӣ бо хоҷагидорон ва раисони Шӯрои маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ

 19.11.2021 н.Фирдавсӣ

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати самаранок истифодабарии заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар кишти зироатҳои тирмаоҳӣ ва баҳорӣ, масъулини бахши кишоварзӣ бо хоҷагидорон ва раисони Шӯрои маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои самаранок истифодабарии заминоҳо, аз ҷумла: омода намудани заминҳо барои кишт, тоза намудани каналу ҷуйборҳо, бастани шартномаҳои обтаъминкунӣ, интихоб намудани тухмиҳои баландсифати ба маҳал мутобиқ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, риоя намудани технология коркарди замин (хок), сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ ва дар гирду атрофи ҷуйбору заҳбурҳо шинонидани дарахтони сояафкану мевадиҳанда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе