Суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

 24.09.2021

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, мехоҳам Раиси иҷлоси навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Абдулло Шоҳидро ба муносибати интихоб шуданашон ба ин маснад табрику таҳният намоям.
Ҳамкорони гиромӣ,
9 сентябри соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди басо таърихӣ ва хотирмон – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро таҷлил намуд.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо ҳодисаҳои фоҷеабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, рӯзҳои сангинро паси сар кард.
Хотима бахшидан ба ҷанг, ба ҳам овардани тарафҳои даргир, таъмини сулҳу субот ва ҳамзамон бо ин, барқарор намудани муносибатҳои дипломативу ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои олам барои мо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафтанд.
Бо вуҷуди душвориҳои мавҷуда, маҳз ба шарофати сиёсати “дарҳои кушода” ва сулҳҷӯёна, ба мо муяссар шуд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо ва рушди устувори кишварро таъмин намоем.
Ҳамкорони гиромӣ,
Вазъи бе ин ҳам ноустувори замони муосирро рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши сатҳи таҳдиду хатарҳо, инчунин паҳншавии бесобиқаи бемориҳои сироятӣ боз ҳам мураккаб кардаанд.
Чунин ҳолат масъулияти давлатҳоро барои роҳандозии сиёсати дурандешона ва ҳамоҳанг шуда ҷиҳати ҳалли фарогири мушкилоти муосир дучанд мегардонад.
Нақши созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, хусусан Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, дар амри пайдо кардани роҳҳои ҳалли босамари мушкилоти ҷаҳони муосир калидӣ мебошад.
Ҷаноби Раис,
Таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву башарӣ ва идораи давлатӣ гардидааст, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа мебошад.
Вазъи буҳронии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон қариб 1400 километр сарҳади муштарак дорад, Ҳукумат ва мардуми кишвари моро бетафовут гузошта наметавонад.
Ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст.
Аз сӯйи ҳаракати “Толибон” иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст.
Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд.
Мутаассифона, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд.
Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем.
Ба мардуми Панҷшер дастрасӣ ба озуқаворӣ, дигар маводи мавриди ниёзи аввалия, инчунин, кумакҳои башардӯстона баста шуда, ҳатто ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои башардӯстонаи худ ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд.
Вазъияти бавуҷудомада фоҷеаи гуманитарӣ ба ҳисоб меравад.
Шиддати рӯзафзуни муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон омили дигари бештар ноамн гардидани вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсояи мо мебошад.
Бо дарназардошти ин ҳолат, роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар дониста мешавад.
Дар ин росто, тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе