Баргузории озмунҳои ноҳиявии «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

 22.09.2021 н. Фирдавсӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон ва иҷрои банди 34 нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 тасдиқ гардидааст ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №172 «Дар бораи гузаронидани озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин», тибқи он озмунҳои ноҳиявии баргузор гардид. Дар ҷаласаи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба гузаронидани озмунҳои ноҳиявии “оилаи беҳтарин, маҳаллаи беҳтарин, ва кӯчаи беҳтарин”-и ноҳияро дар самти корҳои ободонӣ муайян намуда, санаи 22 сентябр соли ҷорӣ дар толлори мақомоти иҷроия, ғолибони озмун бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе