ҚАСРИ ВАРЗИШИИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН БАЪДИ АЗНАВСОЗӢ ВА СОХТМОНИ БИНОҲОИ ИЛОВАГӢ МАВРИДИ ИСТИФОДАИ УМУМ ҚАРОР ГИРИФТ.

 30.04.2021 Н. ФИРДАВСӢ 

         Имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасдиқ гардидааст, қасри варзишии Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баъди азнавсозӣ ва сохтмони биноҳои иловагӣ мавриди истифодаи умум қарор гирифт. Боиси тазаккур аст, ки дар рафти ифтитоҳи бинои варзишии болозикр, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" Мақсудзода Шуҳрат, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс, Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар иншооти мазкур, 4 толори варзишӣ фаъолият дошта, аз рӯи намудҳои футболи хурд, тейкбол, таэквондо, дзю-до, шоҳмоту шашка ва тенниси рӯи миз машқу тамрин гузаронида мешавад. Ҳамчунин, маҷмаа дорои меҳмонхона барои 24 ҷой ва майдончаи варзишии мавсимӣ мебошад.


 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе