МАҲФИЛҲОИ КИТОБХОНӢ ВА ШОМЕ ДАР КИТОБХОНА.

   23.04.2021  н. ФИРДАВСӢ

          Имрӯз дар китобхонаи шаҳри ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия маҳфилҳои гуногуни китобхонӣ ва шеърхонӣ дар асоси ичрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи баргузории озмунҳои Ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ташкили маҳфилҳои китобхонӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ва сокинони Пойтахт ба китобхониву китобдустӣ баргузор гардид.

           Бояд кайд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҷавонону наврасони шаҳри Душанбе ва ҷалби онҳо ҷиҳати иштирок дар озмунҳои Ҷумхуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фурӯғи маърифат” баргузор гардид.

        Лозим ба зикр аст, ки ташкил ва баргузории маҳфилҳои мазкур ҷиҳати ҷалб намудани меҳмонону сокинони пойтахт ба китобхонӣ ва рӯй овардани онҳо ба ҷаҳони маънавӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. 


© 2021 Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе